Ссылки доступа

Ӯзбекистон сифати таълим дар баъзе аз донишгоҳҳои Тоҷикистонро паст хонд


Сифати таълим дар баъзе аз мактабҳои олии Тоҷикистону Қирғизистон ба талаботи Ӯзбекистон ҷавобгӯ нест.

Ин нукта дар тавсияи Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Ӯзбекистон дар бораи таъйини сатҳи сифати омӯзиш дар мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя гуфта шудааст.

Ба гуфтаи муаллифон, тавсия дар асоси як пажӯҳиши таҳлилии раванди таълим дар донишгоҳҳои ҳамсокишварҳои Ӯзбекистон таҳия шудааст. Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Ӯзбекистон гуфтааст, 16 донишгоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯ нестанд.

Ба феҳристи донишгоҳҳои дорои сатҳи пасти таълим мактабҳои олии зерини Тоҷикистону Қирғизистон шомил шудаанд: Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи Ӯзбекистону Қирғизистон, Омӯзишгоҳи олии байналмилалии тиббӣ, Донишкадаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бодканди Қирғизистон, Донишкадаи гуманитарӣ-омӯзгории Ӯш, Донишгоҳи давлатии Ҷалолобод, Донишкадаи давлатии ҳуқуқи Ӯш, Донишкадаи иқтисод ва идоракунии Майлуу-Суй, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Ӯзбекистон дар охир ба довталабони кишвари худ тавсия додааст, ба донишгоҳҳои кишварҳое дохил шаванд, ки дар раддабандиҳои маъруфи омӯзишӣ мақоми баландро касб кардаанд.

XS
SM
MD
LG