Ссылки доступа

Дар Алмато як қатор фаъолони маданиро баъди ҳамоиши рӯзи шанбе ҳабс карданд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон баъди ҳамоиши фаъолони маданӣ дар рӯзи шанбе дасти кам ду нафар 15-рӯзӣ ҳабс, як нафар ҷарима ва чандин каси дигар барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шудаанд.

Фаъоли мадании қазоқ Бахитҷон Торегожин дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ҳашт нафареро нашр кард, ки 18 июни соли равон боздошт ва сипас бархеашон 15-рӯзӣ ҳабс шуданд.

Қаблан ин ҳомии ҳуқуқ дар Фейсбук навишта буд, ки дар шаҳри Алмато фаъолони маданиро ба идораи пулис даъват мекунанд. Фаъоли маданӣ ва нафақахӯр Соҳиб Жангабоев 19 июн ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки ба бозпурсӣ даъват шудааст.

Дар сомонаи додгоҳи Алмато омадааст, ки фаъолон Асхат Жексебаев, Сагидуллӣ Акаев ва Алибек Бакдаулетов барои иштирок кардан дар ҳамоиши эътирозии шаҳр дар рӯзи 13 июн "бидуни огаҳӣ, розигӣ ва иҷозати мақомот" муҷозот шуданд.

Бакдаулетов ва Жексебаевро 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ ва Акаевро 58 338 тангаи қазоқӣ (наздики 144 доллар) ҷарима кардаанд.

Ҳудуди сад нафар рӯзи 13 июн дар кӯчаи Панфилови Алмато ҷамъ шуда, бархе асбоби мусиқӣ навохтан ва бархеи дигар рақсиданд. Ҷамъшудаҳо дар рафти иқдоми худ шиор партофтанд, ки "фаъолон ифротгаро нестанд!" ва "Қазоқистон ба пеш!".

XS
SM
MD
LG