Ссылки доступа

Андуҳи амиқи президенти Туркманистон аз бемории Нурсултон Назарбоев


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо ирсоли як нома ба президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, хабари мубталошавии ӯ ба коронавирусро бо андуҳи амиқ дарёфт кардааст.

Ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, Бердимуҳаммадов дар номаи худ бо таманнои шифои зудрасу умри дароз ба Назарбоев навиштааст, "боварии комил дорам, бо он тавонмандӣ ва иродаи қавие, ки шумо доред, бидуни шубҳа дар наздиктарин замон бар коронавирус пирӯз хоҳед шуд. Дар ин вазъи мушкил омодаам, шуморо ҳамаҷониба дастгирӣ ва дар сурати лозимӣ кумак расонам".

Президенти нахустини Қазоқистон, ки баъди 30 соли қудрат аз мақомаш истеъфо дод, ҳафтаи гузашта ба коронавирус мубтало шуд.

Сомонаи расмии Назарбоеви 79-сола навишт, ки ӯ дар гушанишинӣ қарор дошта, "ҷое барои нигаронӣ нест" ва корро фосилавӣ пеш мебарад.

Дар Қазоқистон дар давоми рӯзҳои ахир чандин аъзои ҳукумат ва мансабдорон гуфтанд, ки гушанишин шуданд. Аз ҷумла дар бораи мубталошавии вазири тандурустӣ Елжан Биртанов ва раиси порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ба коронавирус хабар дода шуд.

XS
SM
MD
LG