Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба сайёҳони мубталошудаи вирус $3000 ҷубронпулӣ медиҳад


Сайёҳони хориҷӣ дар сурати мубтало шудан ба коронавирус дар Ӯзбекистон 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ дарёфт хоҳанд кард. Ин чиз дар фармоне пешбинӣ шудааст, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв 19 июн имзо кард.

Барои иҷрои банди мазкури фармон Бунёди ҷаҳонгардии амн таъсис шуда, аз тарафи Бунёди зиддибуҳронӣ ба ҳисоби он 20 млрд сӯм (ҳудуди 2 миллион доллар) гузаронида хоҳад шуд.

Раиси Палатаи миллии тандурустии инноватсионии Ӯзбекистон Равшан Изомов дар суҳбат бо телевизиони "Ӯзбекистон 24" гуфт, сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бояд бовар дошта бошанд, ки дар амният қарор доранд.

Таҷрибаи пардохти ҷубронпулӣ ба сайёҳон дар кишварҳои ҷаҳон ба таври густарда истифода мешавад.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 6025 расида, расман 19 ҳолати марг бар асари вирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG