Ссылки доступа

Қирғизистон беш аз 400 шаҳрвандашро аз Русия ба ватан овард


Қирғизистон 21 июн тавассути як парвози махсус 431 шаҳрванди худро аз шаҳри Москва ба ватан баргардонд.

Ба иттилои ситоди ҷумҳурявӣ, бо ин парвоз заноне баргардонида шуданд, ки дар моҳи охири ҳомиладорӣ ҳастанд ё кӯдаки то 2-сола доранд. Ҳамчунин қирғизистониҳои бемори вазнин ҳам ба ҳавопаймо роҳ ёфтаанд.

Ҳамаи шаҳрвандони баргашта барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба карантингоҳ интиқол дода шудаанд.

Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон афзуда, ки ҷустуҷӯи роҳҳои дигар барои баргардонидани шаҳрвандони дармонда дар хориҷ идома дорад.

XS
SM
MD
LG