Ссылки доступа

Фавти ду сокини дигари Алмато бар асари коронавирус


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду нафари дигар бар асари мубталошавӣ ба коронавирус ҷон бохтанд.

Ҳаминтариқ шумори умумии фавтидаҳо аз вирус дар Алмато ба 20 расид. Аз нигоҳи шумори ҳолатҳои марг шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар мақоми аввал қарор дошта, то ҳол 32 сокини он ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, давоми як ҳафта дар Қазоқистон 47 кас бар асари вирус фавтидаанд. Ҷамъан дар ин кишвар 120 ҳолати марг бар асари вирус расман ба қайд гирифта шудааст.

Даҳҳо фавтидаи дигар, ки натиҷаи санҷиши вирусашон мусбат баромада буд, ба рӯйхати умумӣ роҳ наёфтанд. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, сабаби марги ин афрод на вирус, балки бемориҳои дигар буд.

Дар Қазоқистон шумори мубталоёни коронавирус аз 26 ҳазор гузашт.

XS
SM
MD
LG