Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бори нахуст дар 1 рӯз беш аз 200 мубталошуда ба вирусро ошкор карданд


Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов 22 июн гуфт, давоми як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 205 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дар шаҳри Бишкек 82 ҳолат, дар вилояти Чуй 33 ҳолат, дар шаҳри Ӯш 25 ҳолат, дар вилояти Ӯш 20 ҳолат, дар Иссиқкӯл 10 ҳолат, дар Ҷалолобод 8 ҳолат, дар Норин 19 ҳолат ва дар Таласс 6 ҳолат ошкор гаштааст.

Давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 26 корманди тиб ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон то ба имрӯз ба 3356 расидааст. Аз ин шумор 2021 бемор шифо ёфта, 40 кас фавтиданд.

XS
SM
MD
LG