Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон беш аз 40%-и қарорҳои раисони вилоят ғайриқонунӣ будаанд


Додгоҳҳои Ӯзбекистон соли гузашта ҳудуди 3 ҳазор парвандаи марбут ба қарорҳои раисони вилоятро баррасӣ кардаанд, ки 42 дарсадашон ғайриқонунӣ будааст.

Дар ин бора раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Нарбаева дар ҷаласаи Маҷлиси олии ин кишвар иттилоъ дод.

"Тақрибан ними қарорҳои раисони вилоятҳо, аз 3 ҳазор 1255 қарор ғайриқонунӣ номида шуд. Шахсони масъул дар ниҳодҳои гуногуни маъмуриятҳо қарорҳои ғайриқонуниро таҳия карда, барои имзо ба раҳбарон пешниҳод намудаанд. Мутаассифона, дар натиҷа сокинони одӣ зарар дида, вақту пул сарф ва асабҳо хароб мешаванд", - гуфт ӯ.

Раиси сенати Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки дониши ҳуқуқии мансабдорон боло бурда шуда, миёни раисон таблиғоти ҳуқуқӣ гузаронида шавад.

XS
SM
MD
LG