Ссылки доступа

Озодии фаъоли қазоқ барои интиқоди ҳизби Назарбоев се сол маҳдуд шуд


Альнур Ильяшев, 24 декабря 2018 года

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли маданӣ Алнур Иляшевро дар "паҳни иттилои дуруғ дар шароити вазъи изтирорӣ" айбдор эълом ва озодияшро ба муҳлати се сол маҳдуд кард.

Зидди Иляшев баъди нашри матлабҳои интиқодияш дар бораи Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ба раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳо айб эълом шуд.

Додрас бо дархости додситон Иляшевро аз ҳаққи фаъолиятҳои оммавӣ ва таъсиси ҳизб ба муҳлати 5 сол маҳрум кард.

"Дар асл ӯ ба муҳлати 8 сол аз ҳамаи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд", - гуфт вакили дифоъ Нурлан Раҳмонов. Раҳмонов гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он шикоят мекунанд.

Додрас ҳамчунин қарор кард, ки айбдоршуда ба ҳисоби бунёди ҷуброни ҷабрдидаҳо ҳудуди 55,5 ҳазор танга ё тақрибан 137 доллар пардозад. Дар ин парванда ҷониби ҷабрдида вуҷуд надорад.

Иляшеви 43-сола моҳи апрели соли равон боздошт шуда, то ба ҳол дар ҳабс қарор дошт. Мурофиаҳои додгоҳӣ онлайнӣ баргузор шуданд.

Иляшев моҳи марти соли равон дар як муроҷиатнома бо фаъолони дигар аз президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев талаб кард, ки "амволи давоми солҳои зиёд ҷамъ кардааш"-ро ба ҳисоби бунёди кумаки қазоқистониҳо гузаронида, ба "истироҳати ором" равад.

XS
SM
MD
LG