Ссылки доступа

ИМА додани визаи кориро то охири соли 2020 қатъ кард


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе бо имзои як фармон додани раводид (виза)-еро манъ кард, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ то охири соли 2020 ҳаққи кор дар Амрикоро медиҳад.

Ба гуфтаи намояндаи Кохи сафед, ҳадаф аз ин фармон бо ҷои кор таъмин кардани амрикоиҳое аст, ки дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус ва оқибатҳои он бекор мондаанд. Он ба кормандони соҳаи тиб ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дахл намекунад.

Кохи сафед мегӯяд, бо ин фармон аз вуруди беш аз 500 ҳазор хориҷӣ пешгирӣ мешавад. Пажӯҳишгоҳи сиёсати муҳоҷират, созмони ғайридавлатӣ бар ин аст, ки фармони мазкур 325 ҳазор хориҷиро фаро мегирад. Вале онҳое, ки раводидро аллакай дарёфт кардаанд, метавонанд ба Амрико сафар кунанд.

Бар асоси пурсишҳои афкори умум, бештари сокинони ИМА мегӯянд, муҳоҷирон асосан ба корҳое ҷалб мешаванд, ки худи амрикоиҳо ба онҳо алоқаманд нестанд.

XS
SM
MD
LG