Ссылки доступа

Тазоҳургарони Вашингтон хостанд, муҷассамаи президенти 7-уми Амрикоро чапа кунанд


Муҷассамаи президенти 7-уми Амрико ва бунёдгузори Ҳизби демократ Эндрю Ҷексон
Муҷассамаи президенти 7-уми Амрико ва бунёдгузори Ҳизби демократ Эндрю Ҷексон

Шаби душанбе дар назди Кохи сафед дар Вашингтон дубора бетартибӣ сурат гирифта, тазоҳургарони зидди табъизи нажодӣ талош карданд, муҷассамаи президенти 7-уми Амрико ва бунёдгузори Ҳизби демократ Эндрю Ҷексонро дар боғи Лафайет чапа кунанд.

Эътирозгарон дар тани муҷассама "қотил" ва "нокас" навиштанд. Онҳо ба муҷассама банд баста, талош карданд, онро чапа кунанд. Вале ба иттилои хабаргузории Reuters, дар натиҷа маъмурони неруҳои амниятӣ монеи онҳо шудаанд.

Телевизиони Fox News дар сомонаи худ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи задухӯрди шабона бо эътирозгарон чанд корманди пулис осеб дидаанд. Эътирозгарон ба тарафи маъмурон ашёи гуногун партофтаанд. Ду нафар боздошт шудааст.

USA Today менависад, кормандони Хадамоти махфӣ, ки вазифаашон муҳофизати шахсони рақами яки Амрико аст, аз расонаҳо хостаанд, ба далели амниятӣ барои чанд муддат Кохи сафедро тарк кунанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер хабар дод, ки дар боғи Лафайет чандин кас боздошт шуданд. Ӯ ҳодисаро "амали харобкоронаи шармовар" номид. "Барои хароб кардани ёдгории собиқадорон 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар ёд дошта бошед", - навишт ӯ.

XS
SM
MD
LG