Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ду зан ҳангоми фурӯши кӯдак бар ивази $18 000 боздошт шуданд


Ду зан 23 июн дар маркази маъмурии вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон ҳангоми кӯшиши фурӯхтани тифли навзод бар ивази 18000 доллари амрикоӣ боздошт шуданд.

Ба иттилои пулиси Сирдарё, яке аз боздоштшудаҳо модари тифл аст ва дувумӣ ба ӯ кумак кардааст. Аз бонувон ҳамчун далели шайъӣ пул гирифта шуда, кӯдак моҳи майи соли 2020 ба дунё омадааст.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, 1 май дар ноҳияи Сардобини вилояти Сирдарё садди обанбор рахна шуда, чандин маҳалла зери об монданд. Ҳудуди 700 ҳазор нафар аз 22 минтақаи аҳолинишин ба ҷои бехавф кучонида шуданд. Дар натиҷаи омадани сел 4,5 ҳазор сокини маҳаллӣ бе хона монданд.

XS
SM
MD
LG