Ссылки доступа

Абдуфаттоҳ Шарифзода: Мулоқоти раисиҷумҳур бо муҳоҷирон дар барнома нест


Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон гуфт, барномаи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Русия, "хеле маҳдуд буда, бо назардошти хатари коронавирус имкони қабули шаҳрвандон дар назар нест".

Вай афзуд, пеш аз сафар ба Маскав ҳайате, ки президенти Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад, ду ҳафта дар карантин буда, се бор аз тест гузаштааст. Вай изҳори шубҳа кард, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоте бо муҳоҷирон баргузор шавад.

Ин дар ҳолест, ки яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, раҳбари созмони “Маркази Тоҷикон”, Иззат Амон дар як паёми видеоӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки дар ҷараёни сафараш ба Русия бо намояндагони муҳоҷирон мулоқот намояд. Вай гуфтааст, ки бо шуруи пандемияи коронавирус муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ гаштанд ва дар як чунин мулоқот мумкин аст, роҳҳои ҳалли бархе аз ин масъалаҳо ҳосил шавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 июн барои иштироки дар гузашти ҳарбӣ бахшида ба 75-солагии пирӯзӣ бар фашизм ба Маскав сафар кард ва се рӯз дар ин ҷо хоҳад монд. Дар ҳар сафараш ба Русия ё кишварҳои дигар Эмомалӣ Раҳмон талош мекунад, бо намояндагони ҷомеаҳои тоҷикон дар он кишварҳо мулоқот кунад. Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Иззат Амон мегӯяд, бо вуҷуди он ки ширкат дар чунин ҳамоишҳо интихобист ва на ҳама ба онҳо роҳ меёбанд, вай умедвор аст, ки раҳбари давлат чанд лаҳзаи кутоҳ бо ӯ ва муҳоҷироне, ки одатан ба чунин нишастҳо даъват намешаванд, мулоқот кунад.

Ҳамзамон маълум аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на ҳамеша барномаҳои расмиро муроот мекунад ва дар ҷараёни сафарҳояш ба хориҷа тасмимҳои барои ҳамсафаронаш ва ҳам кишвари мизбон ногаҳонӣ ва ғайримунтазира мегирад.

XS
SM
MD
LG