Ссылки доступа

Паради низомии Путин дар пасманзари ҳамагир шудани коронавирус


Русия 24 июн паради ба таъхир афтодаи Ғалабаро дар шаҳри Москва дар ҳоле баргузор мекунад, ки президенти ин кишвар Владимир Путин дар арафаи раъйпурсӣ талош дорад, ҷонибдории шаҳрвандонро ба даст орад. Дар ин раъйпурсӣ масъалаи пешбарии дигарбораи номзадияш ба мақоми президентӣ матраҳ аст.

Паради низомӣ бахшида ба солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум дар соли 1945 ҳамасола 9 май баргузор мешавад. Вале Путин имсол маҷбур шуд, онро ба далели ҳамагир шудани коронавирус ба таъхир гузорад. Парад дар арафаи раъйпурсӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Русия, ки қарор аст 1 июл баргузор шавад, сурат мегирад. Дар сурати ҷонибдории иштирокдорон аз тағйирот Путин метавонад то соли 2036 дар сари қудрат бимонад.

Ин раъйпурсӣ қарор буд 22 апрели соли равон баргузор шавад, вале ба иллати коронавирус ба таъхир афтод. Шаҳрдори Москва пештар аз сокинон хост, парадро аз хона тавассути телевизион тамошо кунанд.

Президентҳои Чехия, Фаронса, Хорватия ва Чин, ки пештар қасди иштирок дар парадро доштанд, баъди ба таъхир афтодани он аз раъйи худ гаштанд. Интизор меравад, дар паради имрӯз дар шаҳри Москва президентҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сербистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубиву Абхазистон иштирок кунанд.

Дар Қазоқистон аз президент Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки ба нишони эътироз ба паради Москва наравад. Ин норозигиҳо баъди суханҳои Путин ба миён омаданд, ки гуфт, "ҳангоми таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳо заминҳои зиёд ва ҳудуди суннативу таърихии мардуми русро соҳиб шуданд".

XS
SM
MD
LG