Ссылки доступа

Дар як нақб дар вилояти Бодканди Қирғизистон чаҳор кас аз газ заҳролуд шуданд


Дар шаҳри Сулюктаи вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи 23 июн дар нақби "Кенчилер-Береке" чаҳор кас аз газ заҳролуд ва вафот карданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки аз ин шумор 3 тан мард ва як тан зан будааст. Наҷотдиҳандагон ҷасади ин афродро пайдо кардаанд.

Моҳи октябри соли 2019 дар натиҷаи ҳолати фавқулода дар нақби наздикии шаҳри Қизил-Киӣ ва Сулюкта шаш кас вафот кард. Моҳи декабри соли гузашта дар нақби Сулюкта чаҳор марди дигар аз заҳролудшавии газ фавтид.

XS
SM
MD
LG