Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон тиҷорати хурдро қисман аз пардохти андоз озод мекунанд


Дар Ӯзбекистон ширкатҳои хурд аз пардохти андози амвол ва замин озод мешаванд. Дар ин бора рӯзи 23 июн Музаффар Юсуф Назаров, муовини раиси Кумитаи андози Ӯзбекистон хабар дод.

"Айни ҳол дар кишвар 142,5 ҳазор ширкати хурд амал мекунад, ки аз пардохти андоз дар ҳаҷми бештар аз 32,7 млн доллар озод мешаванд. Ширкатҳо аз пардохти ду навъ андоз - андоз аз амвол ва замин озод мешаванд", - гуфт Назаров.

Вай афзуд, ин сабукиҳо ба тиҷорати хурд дар асоси фармони президент дода шудааст.

Аз 1 май то 1 июли соли 2020 меъёри андози иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон барои ширкатҳои хурду миёна аз 12 то ба 1 дарсад поён оварда шуд.

XS
SM
MD
LG