Ссылки доступа

Боздошти ду фаъоли "Гуруҳи 24" ҳангоми пикети эътирозӣ дар Маскав


Ду нафар аз фаъолони "Гуруҳи 24"-ро ҳангоми баргузории пикети эътирозӣ дар шаҳри Маскав дастгир кардаанд.

Ин пикети эътирозӣ 24-уми июн бар зидди иштироки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои бахшида ба пирӯзӣ бар фашизм баргузор шуд. Ба иттилои масъулони созмони мухолифин, дар он тақрибан даҳ нафар иштирок доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин сафари хориҷиаш дар давраи коронавирус ба Русия рафт ва 24-уми июн дар маъракаҳои бахшида ба пирӯзӣ бар фашизм иштирок кард. Мақомот дар бораи эътирози мухолифон вокуниш накарданд, аммо дар гузашта ҳангоми баргузории чунин пикети эътирозӣ дар Аврупо байни муҳофизони президенти Тоҷикистон ва намояндагони "Гуруҳи 24" ҷанҷол бархоста буд.

Нуриддин Ризоӣ, масъули бахши равобити хориҷии "Гурӯҳи 24", мегӯяд, барои баргузории пикети эътирозӣ иҷозаи мақомоти Русияро гирифта буданд. "Як рӯз пеш иҷоза дарёфт шуда буд, вале гуруҳи дигар ду нафар аз иштирокдоронро ба шуъбаи пулиси Тверской бурдаанд. Умед дорем, ба зудӣ раҳо мекунанд, чун ҳеч кори ғайриқонунӣ накардаанд”, -- афзуд ӯ.

Ризоӣ ҳамзамон гуфт, бо вуҷуди он ки дар гузашта чанде аз аъзои мухолифин дар Русия боздошт шудаанд, "дар он кишвар шумораи қобили мулоҳизаи аъзои мо ҳастанд".

"Мушкилу хатарҳо зиёд аст, вале шумораи аъзо ва тарафдорони мо дар Русия дар муқоиса ба Аврупо хеле зиёд аст. Модоме ки имконияти баргузории эътирозҳоро дар дохил намедиҳанд, бояд ин пайғом ба онҳо бирасад, ки на ҳама аз сиёсатҳояшон розӣ ҳаст", -- гуфт ӯ.

Дар гузашта аъзои “Гуруҳи 24” ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех, Швейтсария ва Фаронса пикетҳои эътирозӣ баргузор карда, ӯро барои маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ дар кишвар танқид карда буданд.

“Гурӯҳи 24”, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шуданд.

Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

XS
SM
MD
LG