Дар ин бора расонаҳои Белорус бо такя ба Руйхати ягонаи амволи ғайриманқули кишвар иттилоъ доданд.
Як қитъаи замини иборат аз 45 садяк ба Боқиев ҳамчун замини кишту кор рӯзи 17 март дода шудааст, қитъаи замини дигар, иборат аз 25 садяк, ки низ ҳамон рӯзи 17 март ҷудо шудааст, барои сохтмони манзил пешбинӣ гардидааст.
Қурмонбек Боқиев солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар натиҷаи "Инқилоби лолаӣ"-и зидди ҳукумати Аскар Оқоев сари қудрат омад, аммо дар натиҷаи инқилоби рӯзҳои 7-15 апрели соли 2010 аз сари қудрат барканор шуд.
Боқиев баъди инқилоби апрелӣ аз Қирғизистон фирор кард. Айни замон вай ҳамроҳ бо хонаводааш дар Белорус зиндагӣ дорад. Ин кишвар ба вай шаҳрвандӣ додааст. Соли 2015 Боқиев дар Минск хона сохт ва соли 2019 онро ба духтараш тақдим кард.
Ҳукумати Қирғизистон дар талоши истирдоди вай аст. Дар Қирғизистон хонаводаи Боқиевҳоро дар куштори тоҷири бритониёӣ Шон Дэйлӣ ва сӯистифода аз мақоми хизматӣ айбдор мекунанд. Президенти пешин ғоибона ба 30 соли зиндон айбдор ва дар пайгард эълом шудааст.