Ссылки доступа

Лаҳистон дархости афзоиши сарбозони ИМА-ро дар хоки худ дорад


Лаҳистон аз Иёлоти Мутаҳҳида хост, ки шумори сарбозони амрикоиро дар ҳудуди кишвар бештар кунад. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарии муштарак президентҳои ду кишвар иттилоъ доданд.

Анҷей Дуда, президенти Лаҳистон нахустин роҳбари хориҷӣ аст, ки Кохи сафеди ИМА баъди хуруҷи вабои коронавирус қабул мекунад.

Трамп дар ҳузури хабарнигорон гуфт, бо беқарорӣ мунтазири бастани созишномаи ҳамкориҳои низомӣ бо Варшава аст. Вай ёдовар шуд, ки соли гузашта ду эъломияи муштараки амниятӣ ба имзо расида буд. Ба гуфтаи Трамп, сарбозони изофӣ, ки Варшава дархост дорад, эҳтимол аз Олмон ба Лаҳистон фиристода шаванд.

Дар посух ба ин суол ки оё ин иқдом паёме ба Русия нест, Донал Трамп гуфт, Москва "паёми рушане дарёфт хоҳад кард".

Пештар аз ин хабар расида буд, ки ИМА ҳузури низомиашро дар Олмон кам мекунад. Трамп НАТО, аз ҷумла Олмонро борҳо барои саҳми нокофӣ дар харҷҳои низомӣ танқид кардааст. Трамп аз ҷумла дар нишасти хабарии муштараки рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Олмон дар тарҳҳои муштараки энержии Русия миллиардҳо доллар харҷ мекунад.

XS
SM
MD
LG