Ссылки доступа

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, мақомот ҳамсафонашро "таъқиб мекунанд"


Раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз таъқиб шудани аъзо ва тарафдорони ҳизбаш дар гӯшаҳои гуногуни кишвар шикоят кардааст.

Раҳматилло Зоиров 23-юми июн дар изҳороте гуфт, ҳукуматҳои маҳаллӣ онҳоро бо ҳар роҳу восита "таҳдид мекунанд" ва "метарсонанд". Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Изҳороти Раҳматилло Зоиров дар ҳоле нашр шуд, ки ҳафтаи гузашта Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ, гуфт, мақомоти интизомии шаҳри Ҳисор монеи мулоқоташ бо намояндагони сафорати Олмон дар Душанбе шуданд. Қарор буд дар мулоқот масъалаи шиканҷа ва бархӯрд бо ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ шавад.

Зоиров ҳам мегӯяд, таъқибҳо чанд моҳ ба ин тараф идома дорад: "Раиси созмони ҲСДТ дар Ваҳдатро дар ҷойи кор ва ҳам дар ҷойи зист таъқиб кардаанд. Нисбат ба фаъоли ҳизб дар Рашт парванда кушода, аз озодӣ маҳрум намуданд ва ӯро базӯр раҳо кардем. Дар бораи Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов суҳбат намекунам, ҳардуи онҳо аъзои Шӯрои сиёсии ҲСДТ мебошанд. Аввалӣ дар зиндон аст ва дуюмӣ озод шуда, ба Маскав рафтааст."

Вай ҳамзамон иддао кардааст, ҳисоботеро, ки дар бораи ҳизб ва аъзои он ба Вазорати адлия пешниҳод мекунад, дар дасти як маъмури милиса дидааст ва гӯё аз рӯйи он бо тарафдорон ва аъзои ҳизб "кор мекунанд". Дар он ҳисобот, ба гуфтаи ӯ, ному насаби аъзо, ҷойи зист ва ҷойи корашон навишта шудааст.

Як ҳамсуҳбати мо дар Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн иддаои раҳбари Ҳизби сотсиал-демократро рад кард ва афзуд, "ҳеч гуна маълумот ба касе дода нашудааст". Вай нахост номаш зикр шавад ва аз ироаи тафсилот худдорӣ намуд.

Намояндаҳои ҳизби сотсиал-демократ чунин муносибатро яке аз фишорҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар остонаи интихоботи ояндаи президентӣ медонанд, ки қарор аст моҳи ноябри имсол баргузор шавад.

Шӯҳрат Қудратов, намояндаи ҳизби сотсиал-демократ, мегӯяд, ӯ баъд аз раҳоӣ аз маҳбас зери фишори мақомот қарор гирифт ва ночор кишварро тарк кард: "Ҳоло фишор овардан ба раҳбарони ҳизб мушкил аст, зеро солҳо боз зери таҳдиду таъқиб ҳастанд ва ба ин одат кардаанд. Фишор нисбат ба аъзои фаъоли ҳизб бештар шудааст, то дар маъракаҳо иштирок накунанд ва ё аз ҳизб берун шаванд."

Таҳлилгарон мегӯянд, таъқибу фишор дар остонаи интихобот дар Тоҷикистон амри табиӣ шудааст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, қаблан "душмани асосӣ" дар давраи интихобот ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд ва қувваи хукумат бештар ба "нейтрализатсия"-и он равона мешуд. "Бо мамнуъ эълон кардани ҳизб эстафетаи "душманӣ" ба ҲСДТ гузашт, чун ягона ҳизби воқеан мухолиф аст", - афзуд ӯ.

Қодиров гуфт: "Истифодаи захираҳои давлатӣ дар мубориза бо мухолифони сиёсӣ хоси режимҳои худкома аст ва Тоҷикистон истисно нест. Ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки оғози фишор болои аҳзоби сиёсӣ оғози маъракаи интихоботӣ аст."

Таъқибу фишор ба тарафдорони аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон чизи нав нест. Дар гузашта низ таҳдид ва ҳамла ба раҳбарияти ҲСДТ расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2015 гуруҳи заноне ба дафтари ҲСДТ ҳамла карда, нишасти хабарии Зоиров халал расонда буданд.

Ҳизби сотсиал-демократ соли 1998 ва замоне сабти ном шуд, ки Зоиров мушовири ҳуқуқии президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ба уҳда дорад.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯб кардани намояндагони аҳзоби мухолиф ва фаъолони сиёсӣ танқид кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора мегӯянд, дар кишвар ба ҳуқуқи мардум ва озодиҳои сиёсӣ эҳтиром мегузоранд.

XS
SM
MD
LG