Ссылки доступа

Эътирози Қирғизистон зидди амалҳои марзбонони Ӯзбекистон


Мақомоти марзбонии Қирғизистону Ӯзбекистон рӯзи 24 июн дар деҳаи Чашмаи ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон мулоқот карданд.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки марзбонони Ӯзбекистон ахиран дар назди чашмаи деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх талоши муайянсозии марзро кардаанд.

Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ҳама гуна иқдомҳо дар минтақаи мазкур бояд бо созиш ва розигии тарафайн анҷом шаванд.

"Ҷониби Ӯзбекистон бо хулосаҳои ҷониби Қирғизистон розӣ шуд. Дар поёни мулоқот тасмим шуд, ки сокинон аз чорабиниҳои марбут ба мушаххассозии марз аз қабл огоҳ карда шаванд", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Дар ҷазирақаламрави Сӯхи Ӯзбекистон, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, рӯзи 31 май байни сокинони маҳаллӣ низоъ бархост. Ба иттилои расмӣ, сокинон сари тақсими оби чашма ҷанҷол кардаанд.

Дар ин низоъ 187 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 25 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG