Ссылки доступа

Департаменти ИМА: 90% парвандаҳои "терроризм" ва "экстремизм" дар Қазоқистон ба хушунат рабт надоранд


Дар гузориши тозанашри Департаменти давлатии ИМА омадааст, ки исботи парвандаҳои "терроризм" ва "экстремизм" дар Қазоқистон душвор аст ва дар бархе ҳолатҳои дигар "зоҳиран, (парвандаҳо) бо фаъолияти сиёсии мухолифон рабт доранд".

"Бино ба баҳогузории муҳаққиқон, то 90 дарсади айбҳои терроризм ва экстремизм ба содир кардан ва ё қасди хушунат рабт надоранд", - омадааст дар гузориш.

Гузориш ҳамчунин ишора мекунад, ки "мақомоти қудратии Қазоқистон мисли пешин салоҳияти густардае доранд, ки "терроризм" ва "экстремизм"-ро мушаххас кунанд. Ин салоҳият боиси таъқиби рақибони сиёсӣ ва ҷонибдорони гуруҳҳои мазҳабӣ мегардад".

Дар ҳуҷҷат омадааст, барномаи панҷсолаи зидди "тундгароии динӣ ва терроризм", ки Қазоқистон рӯи даст дорад, бо буҷаи наздики 900 миллиондолларӣ "ҳамоно озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекунад" ва "ин хатарро низ ба бор овардааст, ки талошҳои ҳукумат натиҷаи баръакс хоҳанд дод".

XS
SM
MD
LG