Ссылки доступа

Дар Санкт-Петербург ҷасади бесари як ӯзбекистонӣ пайдо шудааст


Ҷасади бесаре, ки дар ноҳияи Кирови вилояти Ленингради Русия пайдо гардид, шаҳрванди Ӯзбекистон будааст.

Дар ин бора расонаҳои русӣ бо такя ба Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Ленинград хабар доданд.

Бино ба хабарҳо, ҷасадро як хонандаи синфи 11, ки 15 июн дар дарёи Мгаи ноҳияи Киров оббозӣ дошт, пайдо кардааст. Ӯ дар ин бора ба пулис хабар дод. Дар ҷараёни тафтиш маълум гардида, ки ҷасади бе дасту по ва сар, аммо бо синаи сунъӣ ба мард таалуқ дорад. Ташхиси судӣ-тиббӣ муайян кардааст, ки пойҳо ва дасти чапи ӯ бо арраи барқӣ бурида шудаанд.

Дар пушт ва камари вай чор ҷароҳати аз 4 то 28 сантиметр ошкор гардидааст. Пулис аз ҷасад имплантҳоро берун оварда бо ёрии рақамҳои тартибии он, ки дар бойгонии ҷарроҳони пластикӣ мавҷуд аст, рӯзи 18 июн клиникаи шахсиеро ёфтаанд, ки онҷо ҷарроҳии пайванди сина анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб пулис шахсияти мақтулро маълум кардааст. Ӯ шаҳрванди 23-солаи Ӯзбекистон Ҳотамҷонов будааст, ки худро трансгендер муаррифӣ карда, бино ба маълумоти саҳфаи шахсияш дар сомонаҳои вижа дар Санкт-Петербург ба танфурӯшии “ғайрисунатӣ” машғул будааст.

Дар доираҳои муайян ҳамчун “Тамара” маъруф будааст. Ӯ се сол қабл ба Русия омада, асосан дар Петербург ва Москва зиндагӣ мекард. Тафтишот муайян карда, ки вай дасти кам се моҳ қабл кушта шудааст. Ба иттилои расида, мақтул бо як зодаи Хабаров, ки аз вай ду сол бузургтар буда, худро “Кассандра” меномидааст, дӯстӣ доштааст. Дар робита ба куштори шаҳрванди Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG