Ссылки доступа

Песков иттиҳоми Лукашенко дар бораи дахолат ба интихоботи Беларусро рад кард


Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳороти раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро дар бораи дахолати Кремл ба интихоботи кишвараш рад кард.

Песков гуфт, ҷонибе, ки чунин айбмонӣ мекунад, “пеш аз ҳама бояд далел пешкаш кунад”, вале чунин далел вуҷуд надорад. Песков гуфт, “дар робита бо таҳқиқоти дохилӣ бошад, худоро шукр, мо дар Вашингтон зиндагӣ намекунем”.

Рӯзи 25 июн президенти Беларус Лукашенко дар бораи дахолати Русияву Лаҳистон ба умури дохилии кишвараш сӯҳбат кард. Ҳеҷ шарҳе дар ин замина надод, танҳо гуфт, ки “мухолифони ҳукумати амалкунандаи Беларус интихоботи росту одилона талаб мекунанд, вале рафтори худашон одилона нест”. Лукашенко гуфт, дар паси номзадҳои мухолифон “лӯхтакбозҳо” истодаанд.

Лукашенко инчунин гуфт, ки дар шабакаи Телеграм хабарҳои “нафратовари дурӯғин” аз ҷониби “сохторҳои Русия” паҳн мешаванд. Ӯ гуфт, ки дар фурсати наздик мавзӯи дахолат ба интихоботро бо президенти Русия Владимир Путин баррасӣ мекунад.

Интихоботи президентии Беларус рӯзи 9 август баргузор мешавад. Александр Лукашеко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, бори шашум ба интихобот меравад. Рақиби калидии Лукашенко раиси собиқи "Белгазпромбанк" Виктор Бабарико дастгир ва ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд. Лукашенко гуфт, ки аз як “инқилоб” дар Беларус ҷилавгирӣ кардааст. Ин ҳодисаҳо эътирозҳои сартосариро ба бор овард ва 500 нафар эътирозгарон, аз ҷумла хабарнигороне, ки ин ҳодисаҳоро пӯшиш медоданд, боздошт шуданд. Рӯзи панҷшанбе як блогнависи маъруф ва муаллифи телеграм-канали “Беларусь головного мозга" Игор Лосик боздошт шуд. Манбаъҳо мегӯянд, ки эҳтимоли боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Лосик вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG