Ссылки доступа

Сокинони боздоштшудаи Жанаозенро огоҳӣ доданд


Ҳамаи панҷ сокини боздоштшудаи Жанаозенро рӯзи 25 июн огоҳӣ доданд, ки гирдиҳамоии онҳо "ғайриқонунӣ" аст.

Сокинони Жанаозен дар шаҳри Нурсултон боздошт шуданд.

Ин сокинон касоне ҳастанд, ки худ ва ё пайвандонашон дар ҳодисаҳои соли 2011 дар Жанаозен зиён дидаанд. Онҳо дар назди қароргоҳи президенти Қазоқистон ҷамъ шуда, мушкилоташонро баён ва ҷойи кор талаб карданд.

16 декабри соли 2011 дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау пулис сӯи нафткашҳои эътирозгар тир кушод. Нафткашҳо беҳсозии шароити корӣ ва афзоиши музди меҳнатро талаб мекарданд. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи пахш кардани гирдиҳамоии нафткашҳо 17 кас кушта ва бештар аз сад тан маҷруҳ гардидааст.

XS
SM
MD
LG