Ссылки доступа

Боздошти сокинони Ӯзбекистон, ки талаби барқарории манзилҳои дар обхезӣ зарардидаашонро доранд (видео)


Рӯзи 25 июн сокинони ноҳияи Сардобаи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистонро иҷборан ба автобусҳо савор ва ба самти номаълум бурданд.

Ин сокинон талаб доштанд, ки манзилҳои дар натиҷаи рахнаи садди обанбор зиёндидаашон барқарор карда шаванд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳудуди 20 тан аз сокиноне, ки манзилҳояшон дар маҳаллаи "Дӯстлик"-и ноҳияи Сардоба ғайри қобили зист эътироф шуданд, аз сӯи кормандони милиса иҷборан ба автобусҳо савор карда шуда, ба самти номаълум бурда шуданд.

Мақомоти ноҳияи Сардоба гуфтанд, ки манзилҳои сокинон қобили барқарорӣ нестанд ва онҳо бояд дар баландошёнаҳо манзил ихтиёр кунанд.

Дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардоба рӯзи 1 май манзилҳои маҳаллаи "Дӯстлик" хароб шуданд. Мутахассисон ин манзилҳоро ғайри қобили зиндагонӣ баҳо доданд.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи обхезии рӯзи 1 май дар се ноҳияи Ӯзбекистон 2570 манзил ва 76 баландошёна зиён дида, барои зиндагӣ номувофиқ шудааст. Ҳамзамон 1781 манзил ва 52 баландошёна қисман зарар дидааст.

XS
SM
MD
LG