Ссылки доступа

Довталабони донишгоҳҳои Ӯзбекистонро бо таби баланд ба имтиҳон роҳ намедиҳанд


Дар Ӯзбекистон довталабоне, ки ҳарорати баданашон аз 37 дараҷа болост, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ роҳ дода намешаванд. Дар ин бора Оҷонсии иттилоот ва иртибототи назди президенти Ӯзбекистон хабар дод.

Ҳамзамон довталабоне, ки ҳарорати ғайримуқаррарӣ надоранд, аз санҷиши тиббӣ гузашта, танҳо дар рӯзи чаҳорум ба имтиҳонҳо роҳ дода мешаванд.

Дар Ӯзбекистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба далели коронавирус дар ду ва ё се баст баргузор мешаванд. Ҳамчунин дар дохили толорҳои имтиҳон барои ҳар кадом довталаб на камтар аз 3 метри мураббаъ ҷудо мешавад.

XS
SM
MD
LG