Ссылки доступа

Bloomberg: додситонҳои бритониёӣ, эҳтимолан, ба зиндон ба дидори Гулнора Каримова оянд


Додситонҳои Бритониё, эҳтимол дорад, барои ба охир расонидани парвандаи марбут ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон ба маҳбас оянд.

Додситонҳои Бритониё парвандаи ҳабси амволи ғайриманқули Каримоваро, ки арзиши 29 миллион долларро дорад, таҳқиқ мекунанд.

Дар ин бора хабаргузории Bloomberg рӯзи 26 июн иттилоъ дод.

Ҳанӯз моҳи октябри соли 2018 мақомоти мубориза зидди фасоди Бритониё амволи Каримоваро ҳабс карда буданд. Мақомоти он кишвар мегӯянд, эҳтимол дорад, амволи Каримова аз ҳисоби даромадҳои фасодолуд ба даст омадааст.

Мақомоти Бритониё гуфтанд, бо вуҷуди сипарӣ шудани ду сол аз замони судури ҳукми ҳабси амвол қарор додгоҳ ҳанӯз ба Гулнора Каримова таслим нашудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Тошканд Каримоваро бо айбҳои фасодкорӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва қаллобӣ 13,4 сол зиндонӣ кард.

Нисбати Каримова ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд ва Фаронса парванда боз ва амоли ғайриманқулӣ вай, ки арзиши садҳо миллион долларро доранд, ба ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG