Ссылки доступа

Трамп: хабари тавтиаи Русия бо толибон саҳеҳ нест


Иктишофи ИМА бар ин назар аст, ки иттилоъ дар бораи тавтиаи Русия бо толибон мавриди эътимод нест ва ба ин далел ин иттилоъ ба самъи президент ва ноиб-президенти Амрико расонида нашудааст.

Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттер шаби якшанбе хабар дод.

Пештар аз ин нашрияи The New York Times бо такя ба манобеи худ дар мақомоти вижаи ИМА навишт, ки толибон барои куштори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон аз Москва подош дарёфт кардаанд. Аммо Кохи сафед баъдтар гуфт, ки на президент ва на ноиб-президент дар ин бора аз сӯи мақомоти иктишофӣ хабардор нашудаанд.

Трамп гуфт, ки эҳтимол дорад, The New York Times тавассути хабарҳои дурӯғ мехоҳад, "обирӯи ҷумҳурихоҳонро резонад".

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ ин хабарро носаҳеҳ унвон кардааст. Сафири Русия дар ИМА гуфт, ин хабари рӯзноманигорон боис шудааст, ки дипломатҳоро таҳдид кунанд.

Гуруҳи "Толибон" даст доштани Русияро дар куштори низомиҳои амрикоӣ дар Афғонистон рад кард.

Моҳи феврали соли ҷорӣ ИМА ва "Толибон" созишномаи сулҳ имзо карданд. Созишномаи мазкур берун бурдани неруҳои амрикоиро аз Афғонистон дар давоим 14 моҳ пешбинӣ мекунад. Толибон дар иваз уҳдадор шуданд, ки дар ҳудудҳои зери нуфузи худ террористонро паноҳ надиҳанд ва бо ҳукумати Афғонистон вориди музокира шаванд.

XS
SM
MD
LG