Ссылки доступа

Дар Самарқанд баъди гирифтории ду коргар ба коронавирус нигаҳдории шабонарӯзии дигаронро дар коргоҳ қатъ карданд


Наздики 100 тан аз коргарони корхонаи автомобилии Самарқанди Ӯзбекистон ("СамАвто") баъди он ба карантини 14-рӯзи гирифта шуданд, ки ду тан аз коргарони корхонаи мазкур мубталои коронавирус гардиданд.

Коргарон мегӯянд, корфармо аз тарси ба карантин гирифта шудани корхона шумори воқеии гирифторони вируси коронара дар "СамАвто" ошкор намекунад.

Як коргари "СамАвто" гуфт, нахустин ҳамкори онҳо ду ҳафта пеш мубталои вируси корона шуда буд, дувумӣ 22 июн. Ба гуфтаи ин коргар, эҳтимол дорад, ин ду тан дигаронро ҳам гирифтор карда бошанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти "СамАвто" эълом кард, ки баъди ошкоршавии ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар корхона, коргарон дигар шабонарӯз дар коргоҳ нигаҳдорӣ намешаванд, вале "СамАвто" фаъолияташро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG