Ссылки доступа

Бештар аз 1000 муҳоҷири Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбекистон дар марзи Русия дармонданд


Бештар аз ҳазор муҳоҷири се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар наздикии шаҳри Сол-Илетскии вилояти Оренбурги Русия ҷамъ шудаанд.

Онҳо кушодашавии марзро интизоранд ва умедворанд, ки тавассути Қазоқистон ба ватанҳои хуб бармегарданд.

Консули фахрии Қирғизистон дар Оренбурги Русия Жандар уулу Таалйбек гуфт, ки гуфтугӯҳо оиди долори транзитӣ идома доранд, аммо ин раванд тӯлонӣ аст. "Гуфтугӯҳои дипломатӣ ҳадди ақал аз 20 то 30 рӯз вақт мегирад", - гуфт вай.

Ба навиштаи расонаҳо, муҳоҷирон дохили хаймаҳо истиқомат доранд. Миёни онҳо занони ҳомила, афроди куҳансол ва кӯдакон ҳам ҳастанд.

Ин севумин гуруҳи муҳоҷирон аст, ки баъди баста шудани марзҳо дар марзи байни Русияву Қазоқиситон дар вилояти Оренбург ҷамъ мешаванд. То ин замон гуруҳе аз муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон аз ин масир то манзилҳояшон расиданд.

XS
SM
MD
LG