Ссылки доступа

Тоқаев пешниҳод кард, чораҳои қатъии карантин дар Қазоқистон барқарор шаванд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар як ҷаласаи маҷозии ҳукуматаш дастур дод, ки ба вай пешниҳоди барқарории карантини шадидро дар кишвар таҳия кунанд.

Ба гуфтаи вай, аз 11 май ба ин тараф (замони бекор шудани чораҳои қатъии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Қазоқистон) шумори гирифторон 7 барбор афзудааст.

Афзоиши шумори гирифторон, ба гуфтаи Тоқаев, ба фаъолияти нокофии мақомоти давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ рабт дорад, ки омодаи "фаъолияти босамар дар давраи ғайри ҳолати фавқулода" набуданд. Вай аз фаъолияти комисияи байниидоравӣ ва вазорати тандурустӣ, ҳокимони Нурсултон, Алмато, Чимкент, вилоятҳои Оқтеппаву Павлодар интиқод кард.

Президенти Қазоқистон ҳамзамон дастур дод, ки аз харҷҳои камаҳамият худдорӣ карда шуда ва ба мубориза зидди коронавирус маблағи бештар равона гардад. Вай ба мақомдоронаш дастур дод, ки шумори катҳои беморхонаҳоро ҳамчун чораи омодагӣ ба мавҷи дувуми коронавирус 50 дарсад бештар кунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 37 ҳазору 966 кас мубталои COVID-19 шудааст.

XS
SM
MD
LG