Ссылки доступа

COVID-19: Дар Қирғизистон 20 бемористони сайёр ба кор пардохт


Маркази ёрии таъҷилии Қирғизистон соҳиби 15 мошини дигар шуд, ки бо дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз ҳастанд. Дар ин бора аз ҳукумати он кишвар хабар доданд.

Гуфта мешавад, ин мошинҳо ба далели таъсиси парванда нисбати мақомдорони вазорати тандурустӣ аз соли 2018 ба ин тараф истифода намешуданд.

"Бо назардошти афзудани талабот ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ, тасмим шуд, ки онҳоро кор фармоем. Ин масъала бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоҳанг шудааст", - гуфт ноиб-аввали сарвазири он кишвар Алмосбек Ботирбеков.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қирғизистон, мошинҳои мазкур бо дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва дигар васоил муҷаҳҳаз ҳастанд.

Ба ҷуз ин, Кумитаи давлатӣ дар умури мудофиа 5 мошини дигар ҷудо кардааст.

Пештар аз ин вазорати тандурустии он кишвар аз норасоии мошинҳои ёрии таъҷилӣ хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG