Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сар аз 1 июл маҳдудиятҳои карантин шадидтар мешавад


Комисияи ҷумҳуриявии Ӯзбекистон дар умури мубориза бо коронавирус тасмим гирифт, ки сар аз 1 июл маҳдудиятҳои марбут ба карантинро шадидтар кунад.

Бозорҳои фурӯши сару либос ва маҷмааҳои тиҷорӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе баста хоҳанд шуд.

Сокинон вазифадор мегарданд, ки дар маконҳои иҷтимоӣ фосилаи 2-метриро риоя ва ниқоб пӯшанд.

Нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам гирифтани мусофиронро камтар мекунанд. Дар даромадгоҳҳои марказҳои савдо ниқоби ройгон тақсим карда хоҳад шуд.

Дар ноҳия ва шаҳрҳое, ки сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, ҷамъшавии одамон бештар аз 3 нафар манъ мегардад.

Касоне, ки ин чораҳоро риоя намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд.

Дар Ӯзбекистон расман 8 ҳазору 298 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Аз ин шумор 24 кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG