Ссылки доступа

Вазири тандурустии Қазоқистон таътили чаҳорҳафтаӣ пешниҳод дорад


Алексей Тсой, вазири тандурустии Қазоқистон дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар пешниҳод кард, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус таътили чаҳорҳафтаӣ эълом шавад.

Вазир гуфт, дар сурати эълом нашудани таътили мазкур, мумкин аст, шумори гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба якборагӣ афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи вазир, аз 10 июн ба тараф шумори гирифторони вируси корона дар ҳоли афзоиш аст.

Дар Қазоқистон то имрӯз наздики 40 ҳазор одам ба вируси корона мубтало шуда, 188 тан фавтидааст.

XS
SM
MD
LG