Ссылки доступа

Дар беморхонаҳои Қирғизистон барои мубталоёни коронавирус ва илтиҳоби шуш рахти хоб намерасад (видео)


Коллапс системы здравоохранения в Кыргызстане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:47 0:00

Дар Қирғизистон шумори мубталоёни нав ба коронавирус то рафт афзоиш ёфта, ба гуфтаи сокинон, ҳатто дар долонҳои беморхонаҳо барои бистарӣ шудан ҷой нест.

Сарфи назар аз тасмими мақомоти қирғиз барои фавран ба истифода додани беморхонаҳои нав беморони мубтало ба коронавирус ва илтиҳоби шуш дар остонаи беморхонаҳо ҷон медиҳанд.

Чанд рӯз пеш бародари хурдии Боймурод Эрназаров, ки нишонаҳои илтиҳоби шушро дошт, дар остонаи беморхона ҷон дод. Ӯро ба иллати манфӣ баромадани натиҷаи санҷиши вирус дар бахши беморони илтиҳоби шуш бистарӣ накарданд.

"Марказҳои оилавӣ ба иллати баланд будани тасфаш қабул ва сӯзандору накарданд. Ӯ нафастангӣ дошт. Дар натиҷа бародари ман баъди чаҳор рӯзи талошҳои ноком барои бистарӣ шудан дар остонаи бемористон ҷон бохт", - изҳор дошт Эрназаров.

Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 29 июн шеваи кори худро тағйир дод. Зеро ахиран шумори фавтидаҳо бар асари илтиҳоби шуш аз ҳад зиёд шуда, аз аввали моҳи март то ба ҳол 54 кас ҷон бохтааст. Тақрибан ҳамин қадари дигар аз вирус фавтидаанд.

Ҳоло дар беморхонаҳои Қирғизистон қабули беморонеро ҳам оғоз карданд, ки натиҷаи санҷиши вирусашон манфӣ баромадааст. Вале мушкили норасоии табиб, рахти хоб ва дастгоҳҳои нафаси сунъӣ пеш омадааст.

XS
SM
MD
LG