Ссылки доступа

САҲА ҳукми фаъоли қазоқ Алнур Иляшевро интиқод кард


"Ин кушиши нави хомуш сохтани садои интиқодие дар қаламрави Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аст, ки барои демократияи мо муҳим аст", - гуфт Ингиёбрг Солрун Гисладоттир, раҳбари Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар шарҳи ҳукми фаъоли қазоқ Алнур Иляшев.

Ӯ дар Твиттер аз кишварҳое, ки шомили САҲА ҳастанд, даъват кард, то "ҳуқуқи ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ҳимоят кунанд ва ба ҳаққи ҳар як шаҳрванд эҳтиром бигузоранд".

Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ва ИМА низ айни ин даъватро аз ҳукумати Қазоқистон карданд.

Додгоҳи шаҳри Алмато 21 июн Алнур Иляшевро дар "паҳни иттилои дурӯғ дар шароити вазъи изтирорӣ" айбдор эълом ва озодияшро ба муҳлати се сол маҳдуд кард. Зидди ӯ баъди нашри матлабҳои интиқодияш дар бораи Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ба раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳо айб эълом шуд.

Додрас бо дархости додситон Иляшевро аз ҳаққи фаъолиятҳои оммавӣ ва таъсиси ҳизб ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. "Дар асл ӯ ба муҳлати 8 сол аз ҳамаи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд", - гуфт вакили дифоъ Нурлан Раҳмонов. Раҳмонов гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он шикоят мекунанд.

Додрас ҳамчунин қарор кард, ки айбдоршуда ба ҳисоби бунёди ҷуброни ҷабрдидаҳо ҳудуди 55,5 ҳазор танга ё тақрибан 137 доллар пардозад. Дар ин парванда ҷониби ҷабрдида вуҷуд надорад.

Иляшеви 43-сола моҳи апрели соли равон боздошт шуда, то ба ҳол дар ҳабс қарор дошт. Мурофиаҳои додгоҳӣ онлайнӣ баргузор шуданд.

Иляшев моҳи марти соли равон дар як муроҷиатнома бо фаъолони дигар аз президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев талаб кард, ки "амволи давоми солҳои зиёд ҷамъкардааш"-ро ба ҳисоби бунёди кумаки қазоқистониҳо гузаронида, ба "истироҳати ором" равад.

XS
SM
MD
LG