Ссылки доступа

Корҷӯёни Сӯх, ки бо даъвати сарвазири Ӯзбекистон ба Тошканд омаданд, ба далели камии маош корро қатъ карданд (видео)


15 сокини ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон, ки бо даъвати сарвазири он кишвар Абдулло Орипов ба шаҳри Тошканд омада, дар иншооти сохтмонии Olmazor City ба кор даромаданд, ахиран маҳалли корро тарк ва ба манзилҳояшон баргаштанд.

Ба гуфтаи онҳо, ширкат на маоши 390 долларӣ, балки 175 долларӣ таъйин карда, шароити нигаҳдорӣ низ чандон мувофиқ набудааст.

"Ҳанӯз дар Сӯх ба мо ваъда карда буданд, ки коргарони қаторӣ 195 долларӣ ва устоҳо 390 долларӣ маош хоҳанд гирифт. Аммо вақте мо ба Тошканд омадем, гуфтанд, ки ба ҳама маоши баробар - 175-доларрӣ медиҳанд. Мо розӣ шудем, вале шароити зиндагӣ дар коргоҳ бад буд, ғизо намерасид. Ба ҳамин хотир корро қатъ кардем", - гуфт Азиз Умаров, яке аз сокинони Сӯх.

Рӯзи 31 май байни сокинони ҷазирақаламрави Сӯхи Ӯзбекистон бо деҳаи Чечмеи Қирғизистон низоъ бархост. Баъди ин низоъ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Сӯх рафт ва ба 500 сокини маҳаллӣ ҷойи кори хуб дар Тошканд ваъда кард.

XS
SM
MD
LG