Ссылки доступа

Шумори мубталоёни COVID-19 дар Қазоқистон аз 41 ҳазор гузашт


Вазорати тандурустии Қазоқистон 1 июл хабар дод, ки 30 июн дар ин кишвар 1 ҳазору 604 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ошкор шудааст, ки аз ин миён танҳо 489 нафар нишонаҳои бемориро доранд. Боқӣ (1 115 кас) надоранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар то 1 июл ба 41 065 расид. Ин рақам мубталоёни дорои нишонаҳои беморӣ ва бидуни нишонаро дар бармегирад.

Вазири нави тандурустии Қазоқистон Алексей Сой, ки 25 июн ба ин мақом таъйин шуд, пешниҳод кард, бо мақсади пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар саросари ин кишвар давоми чаҳор ҳафта чораҳои сахти карантинӣ ҷорӣ карда шавад.

Шумори фавтидаҳо аз коронавирус дар Қазоқистон ба 188 расида, дирӯз ҳеч ҳолати маргу мир ба қайд гиримфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG