Ссылки доступа

Сабти 439 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Қирғизистон


Дар як шабонарӯзи охир дар Қирғизистон 439 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Дар ин бора рӯзи 1 июл Мадамин Каратаев, муовини вазири тандурустии он кишвар иттилоъ дод.

Вай гуфт, вазъи эпидемиологӣ дар кишвар вазнин аст ва аз мардум даъват мешавад, ки чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қирғизистон, дар як рӯзи охир 73 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 баъди табобат аз бемористон рухсат ёфтаанд.

Шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 5735 расидааст, ки аз ин шумор 2443 кас шифо ёфта, 62 тан фавтидаанд.

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон гуфт, ки камбуди дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва таъминкунандаи кислород мушоҳида мешавад. Ба иттилои вай, дар Қирғизистон айни ҳол 493 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва 610 дасгоҳи таъминкунандаи кислород мавҷуд аст.

"Мо ба 220 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва 2300 таъминкунандаи кислород ниёз дорем. Мунтазири аз Русия ва Чин расидани ин дасгоҳҳо ҳастем. Бо Туркия ҳам дар ин бора гуфтугӯ дорем. Қирғизистон ин гуна дастгоҳ истеҳсол намекунад", - афзуд муовини вазир.

Вай гуфт, ки норасоии табибон ва катҳо дар беморхонаҳо ҳам ҷо дорад.

XS
SM
MD
LG