Ссылки доступа

Forbes.uz духтари президенти Ӯзбекистонро ба рӯйхати блогерҳои беҳтарин шомил кард


Forbes.uz рӯйхати 15 блогери машҳуртарини Ӯзбекистонро нашр кард.

Ба ин рӯйхат Хушнудбек Худойбердиев, Қобил Хидиров, Даврон Файзиев, Хайрулло Ҳомидов, Нурбек Олимов, духтари президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева, Нозимҷон Сафаров, Абдуназар Чориевич, Диёр Имомхоҷаев, Шохрух (реппер) Шодмонов, Фарҳод Файзуллоев, Никита Макаренко, Беҳзод Ҳошимов, Муҳрим Аъзамхоҷаев, Шаҳзод Эргашалиев ва Фахрулло Ҳамидуллоев шомил шудаанд.

Расона навиштааст, ки ҳангоми таҳияи раддабандии беҳтарин блогерони Ӯзбекистон аз иттилои сомонаи uz.tgstat.com истифода шудааст.

Бархеҳо аз ин раддабандии блогерони ӯзбек норозиянд. Аз ҷумла, тарҷумон Аҳрор Шарипов дар гуруҳи Телеграми худ навиштааст, ки ба раддабандии мазкур блогерони маъруфи ӯзбек аз қабили Умед Ғафуров, Отабек Бакиров, Темурмалик Тоҷиддинзода, Дима Қаюм ва Зафар Солиҷонов ба ин раддабандӣ роҳ наёфтаанд.

"Рости гап, аз 15 блогере, ки дар рӯйхат ҳастанд, танҳо се нафарашонро мешиносам. Аз як блогери дигар сурудашро гуш мекунам ва як "блогер"-и дигарро ҳамчун духтари президент мешиносам. Вале ин панҷ нафарро ман ҳамчун блогер қабул надорам. Шояд касоне, ки дар шабакаҳо саҳифа доранд, блогер шумурда шаванд, вале инҳо 15 беҳтарин нестанд", - изҳор дошт Шарипов.

Саида Мирзиёева, ки бар асоси раддабандии Forbes.uz, яке аз машҳуртарин блогерони ӯзбек шумурда мешавад, дар ҳоли ҳозир муовини раиси Бунёди ҷамъиятии пуштибонӣ ва рушди расонаҳои миллии Ӯзбекистон аст. Намояндагони бунёд мегӯянд, ҳадафи онҳо дастгирии блогерон ва рӯзноманигорони Ӯзбекистон аст.

XS
SM
MD
LG