Ссылки доступа

Помпео гуфт, ИМА аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои ОМ пуштибонӣ мекунад


Вазири корҳои хориҷии Амрико суҳбаташро бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 "олӣ" хонд. Майк Помпео дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт, Иёлоти Муттаҳида ба пуштибониш аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад.

Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (С5+1) рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА - Майк Помпео, Қазоқистон - Мухтор Тлеуберд, Тоҷикистон - Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Узбекистон - Абдулазиз Комилов ва Туркманистон - Рашид Мередов иштирок карданд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин гуфтугӯ масъалаи мубориза бо бемории COVID-19, пайомадҳои он ба арсаҳои тандурустӣ ва иқтисодӣ, талоши кишварҳо барои бартараф кардани он ва таъмини амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи онлайнӣ гуфтааст, гурӯҳҳои кории иқтисодӣ ва муҳитизистӣ дар қолаби С5+1 низ метавонанд барои бартараф кардани мушкилиҳои соҳаҳои хеш нақш дошта бошанд.

Манбаъ мегӯяд, ҷониби амрикоӣ аз омодагиҳо барои истифодаи имкониятҳои худ ба ҳадафи рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва рушди савдо хабар додааст.

Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкориро барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар кардаанд.

XS
SM
MD
LG