Ссылки доступа

Марди қирғиз барои "дарси ибрат" ба ҳамсараш муҷозот шуд


Додгоҳи ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон сокини маҳаллиеро, ки дар латтукӯби ҳамсари худ айбдор мешуд, ду сол ба назорати санҷишӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ озод кард.

Назорати санҷишӣ меъёри нав дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон аст. Он барои айбдоршуда як қатор масъулиятҳоеро пешбинӣ мекунад, ки дар сурати иҷро нашудан маҳрум гаштан аз озодиро дар пай дорад.

12 июн дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар ноҳияи Сӯзак сабт гаштааст. Дар он дида мешавад мард дар гардани ҳамсараш хишту чархҳои мошинро баста, ба сару рӯяш оби хунук мепошад. Мард ҳамаи инро ба навор гирифта, мегӯяд, ба занаш "дарси ибрат хоҳад шуд".

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ҳодиса 8 июни соли равон рух дода, ҷабрдида сокини 47-солаи маҳаллӣ мебошад, ки 11 июн зидди шавҳараш ба пулис шикоят кардааст. Раёсати пулиси Ҷалолобод 15 июн гуфт, бо вуҷуди он ки зан шавҳарашро бахшид тафтишот зидди мард идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG