Ссылки доступа

Дар Туркманистон ба хешовандони мухолифони дар хориҷ буда фишор меоранд


Виды Ашхабада, июнь, 2020 

Дар Туркманистон наздикони муҳоҷиронро ба идораи пулис даъват карда, талаб мекунанд, ки пайвандонашон ба ҳаракатҳои мухолифон дар хориҷ аз ин кишвар напайванданд.

"Дар ноҳияи Марий намояндагони ҳукумат ба хонаи онҳое мераванд, ки наздиконашон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ қарор доранд. Аз соҳибхона талаб мешавад, ки ҳамроҳи тамоми аъзои хонавода бо шиносномаҳои худ ба идораи пулис ҳозир шаванд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марий.

Ба гуфтаи хабарнигор, мақомот тамоми онҳоеро ба қайд гирифтаанд, ки наздиконашон дар хориҷ аз Туркманистон қарор доранд. "Афроде, ки бо сокинон суҳбат мекунанд, худро намояндагони ҳукумати ноҳия муаррифӣ менамоянд. Вале дар асл онҳо кормандони Вазорати амнияти миллии Туркманистонанд", - афзуд ӯ.

Маъмурони амниятӣ аз сокинон талаб мекунанд, ки фарзандон, хоҳар, бародар, волидони онҳо, ки дар хориҷ қарор доранд, ба ҳаракатҳои мухолифон напайванданд.

Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони ҳукумати Марий дар робита ба ин хабар бенатиҷа буданд.

Мақомоти туркман ин иқдомро баъди он рӯи даст гирифтанд, ки туркманистониҳои муқими кишварҳои хориҷ баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати президент Қурбонгулӣ Бредимуҳаммадовро оғоз карданд.​

Туркменистанцы поют Бердымухамедову в день рождения. Но не Happy Birthday
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:11 0:00

Дар давоми моҳҳои ахир чунин таҷаммуи эътирозӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Туркия, Қибриси Шимолӣ ва шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва Питсбург баргузор карда шуданд.

В день рождения президента Бердымухамедова туркменистанцы требуют его отставки
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:25 0:00

В Туркменистане и до этого наблюдались случаи, когда родственников туркменских мигрантов вызывали в полицию. В августе прошлого года наш марыйский корреспондент сообщал, что работники полиции ходили по домам и собирали данные о гражданах, находящихся в других странах, и вызывали их родственников на допрос.

XS
SM
MD
LG