Ссылки доступа

Чораҳои зиддивирусии Туркманистон дар арафаи сафари коршиносони СҶТ


В поликлинике Ашхабада, июнь, 2020 

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон бозорҳоро мебанданд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз сокинон талаб мекунанд, ки фосиларо риоя намоянд. Кормандони муассисаҳои тиббӣ низ бо либоси муҳофизатӣ кор мекунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, мақомоти ин кишвар ба сафари коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои омӯзиши вазъ дар робита ба коронавирус омодагӣ мебинанд.

Аз ҷумла, дар вилояти Лебапи Туркманистон ҳамаи кормандони муассисаҳои тиббӣ рӯзҳои шанбе дар ҳашарҳои умумӣ иштирок карда, биноҳои бемористонҳоро рангу атрофашонро рӯбучин мекунанд. Ба кормандон гуфтаанд, коршиносони СҶТ рӯзҳои наздик меоянд.

Раҳбарияти Туркманистон ва намояндагии СҶТ санаи дақиқи сафари коршиносонро намегӯянд. Танҳо гуфта мешавад, ки он рӯзҳои наздик дар назар аст. Манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Лебапи Туркманистон гуфтанд, ки қарор аст, коршиносон 6 июл вориди ин кишвар шаванд.

Дар ҳамин ҳол дар Ишқобод баъзе аз бозорҳои калонро бастанд ва баргузории консертҳоро манъ карданд.

XS
SM
MD
LG