Ссылки доступа

Ҳукумат ваъда дод, ки нерӯи барқ ва об то охири сол гарон намешаванд


Иллюстративное фото

Ҳукумати Тоҷикистон ваъда додааст, ки то охири соли равон арзиши нерӯи барқ, об, алоқа ва хизматрасониҳои комуналӣ дар Тоҷикистон боло намераванд. Дар ин бора фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст.

Вазорати адлия баъд аз тасвиби порлумон, рӯзи 2-юми июл шакли пурраи фармони раиси ҷумҳур дар бораи коҳиши паёмадҳои иқтисодии пандемияи COVID-19-ро нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки то охири соли равон баррасии масъалаи боло бурдани тарифҳои нерӯи барқ, оби ошомиданӣ ва полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои комуналӣ мавқуф гузошта шавад.

Гарон шудани нархи хизматрасониҳо бахусус арзиши нерӯи барқ аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон бо норозигӣ қабул мешавад. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, маҷбуранд нархи барқро боло баранд то он хароҷоташро пӯшонад.

Бар асоси фармони раиси ҷумҳур дар бораи коҳиши паёмадҳои иқтисодии пандемия, чандин гуруҳи соҳибкорон имтиёз гирифта, ба оилаҳои камбизоат ва оилаҳои бепарастор мондаи муҳоҷирон кӯмак расонда мешавад.

Аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги дуввуми ҷаҳон, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирон ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кӯмаки якдафъаина хоҳанд гирифт. Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ аст.

Дар фармон гуфта мешавад, ки нафароне, ки "вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд" бояд ба варақаи корношоямӣ таъмин шуда, ҷубронпулӣ дарёфт намоянд. Раиси ҷумҳур ҳамчунин дастур додааст, ки нигоҳбини афроди сироятёфта ба коронавируси нав ройгон сурат гирад. Пештар чандин нафар беморони гирифтори COVID-19 ва наздикони онҳо шикоят карда буданд, ки ҳамаи хароҷоти табобатро худашон мепардозанд.

Ҳамчунин чанд гуруҳи соҳибкорон аз ҷумла онҳое, ки дар бозор ва марказҳои хизматрасонӣ бо патент кор мекунанд, се моҳ аз пардохти андоз озод шуданд.

Пешниҳод дар бораи додани имтиёз ба соҳибкорон дар давраи пандемияи коронавирус рӯзи 5-уми июн эълон шуда, 24-уми июн аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб шуда буд.

Соҳибкорон дар шароите имтиёзи андозӣ дарёфт мекунанд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон вазъи иқтисодии кишвар хуб нест. Бахусус коҳиши маблағҳои интиқоли муҳоҷирон ба таъкиди коршиносон ба рушди иқтисоди кишвар ва тавони харидории мардум таъсири манфӣ расондааст. Нигароние, ки мақомот низ онро рад намекунанд.

Дар пайи озод кардани чандин гуруҳи соҳибкорон аз пардохти андоз давлати Тоҷикистон маҷбур шуд, ҳаҷми будҷа барои соли 2020-ро кам кунад. Мувофиқи тағйироти тоза ба қонун, нақшаи даромади будҷаи Тоҷикистон барои соли равон 2 миллираду 349 миллион сомонӣ кам карда шуд.

XS
SM
MD
LG