Ссылки доступа

Додгоҳи Туркия қарори табдили Аёсуфия ба масҷидро ба таъхир гузошт


Додгоҳи олии Туркия 2 июл баррасии масъалаи табдили Аёсуфия аз музей ба масҷидро ба поён расонд. Давоми 15 рӯзи оянда эълом карда хоҳад шуд, ки Аёсуфия масҷид мешавад, ё музей мемонад.

Масъалаи табдили ин музей ба ибодатгоҳ дар ҳафтаҳои ахир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Туркия мегӯяд, ки ин масъала ба "ҳокимияти миллии он кишвар" рабт мегирад ва касе ҳаққи дахолат кардан ба онро надорад. Раҳбарони калисои ортодоксӣ мегӯянд, ки ин иморат осори муштараки масеҳиёну мусалмонон аст ва бояд музей бимонад.

Айсуфия дар даврони Императории Византия дар соли 537 мелодӣ ҳамчун калисои усқуфи ортодокси юнонӣ сохта шуд. Усмониҳо дар соли 1453 Истанбулро фатҳ ва калисои Аёсуфияро ба масҷид табдил карданд. Дар ниҳоят пас аз эъломи Ҷумҳурии Туркия аз сӯи Мустафо Камол Отатурк, ҳукумат дар соли 1934 ин бинои таърихиро аз масҷид ба осорхона табдил дод.

Аёсуфия аз сӯи созмони ЮНЕСКО ҳамчун мероси ҷаҳонӣ сабт шуда ва мавриди эҳтироми масеҳиёни ва мусалмонон аст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар чанд соли ахир дар пайи табдил кардани ин музейи таърихӣ ба масҷид аст.

Нуъмон Куртулмус, муовини Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Ҳизби адолат ва тараққӣ гуфтааст, масъалаи тағйири истифодабарии Аёсуфия, вобаста ба ҳокимияти миллии Туркия аст. Вай таъкид кардааст, танҳо касе, ки ҳаққи тасмимгирӣ дар хусуси вазъияти Аёсуфияро дорад, Туркия мебошад. "Мо ба тавсия ва раҳнамоии касе дар умури дохилӣ ниёз надорем",-гуфтааст вай.

Юнон ба тағйири ин музей ба масҷид ва иқдомоти Раҷаб Таййиб Эрдуғон вокуниш нишон додааст. Ин кишвар пас аз хонда шудани оятҳои қуръонӣ дар Аёсуфия дар охирҳои моҳи май, ин иқдомро "хатшадор кардани эҳсосоти динии масеҳиёни ҷаҳон" хонда буд.

Вазири умури хориҷии Юнон ба Туркия ҳушдор дода буд, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ пойбанд бимонад ва "манфиатҳои дохилӣ ва миллӣ"-и худро бар муҳофизат аз биноҳои муҳиме монанди Аёсуфия, ки мероси ҷаҳонӣ аст, бартарӣ надиҳад.

Раҳбари масеҳиёни ортодокси ҷаҳон низ дар паёме ба Раҷаб Таййиб Эрдугон аз вай хоста буд, аз тасмимаш барои тағйири истифодаи масҷиди Аёсуфия худдорӣ кунад ва гуфта буд, ин иморат "мавриди эҳтимроми мусалмонон ва масеҳиён аст".

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳам рӯзи чаҳоршанбе аз Туркия хост, то аз тағйири истифодаи Аёсуфия аз музей ба масҷид худдорӣ кунад. Вай дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" навишт, "мо аз ҳукумати Туркия мехоҳем, ки ҳамчунон вазъияти Аёсуфияро ҳамчун музей ҳифз кунад то намунае аз эҳтиром ба оинҳо ва таърихи мазҳабҳо дар Туркия бошад".

XS
SM
MD
LG