Ссылки доступа

Эътирози беш аз 200 муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар марзи Русия бо Қазоқистон (видео)


Беш аз 200 муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар марзи Русия бо Қазоқистон ҷамъ шудаанд, 1 июл талош карданд, шоҳроҳ ба сӯи Қазоқистонро ба нишони эътироз банданд.

Шоҳидони ҳодиса, ки дар ноҳияи Бузулуки вилояти Оренбурги Русия, ҳаммарз бо Қазоқистон рух дод, гуфтанд, кормандони пулис ҳозир шуда, муҳоҷиронро пароканда карданд. Дар натиҷа миёни кормандони пулис ва эътирозгарон задухурд сурат гирифта, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ чандин муҳоҷирро бо чӯбдасти резинӣ задаанд. Вале дар Идораи пулиси Бузулук ин хабарро рад карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, муҳоҷирон бо талаби боз шудани марзи Қазоқистон шоҳроҳро бастаанд.

"Маҷбурем, рӯи замин хоб равем. Дар бораи боз шудани марз хабаре нест. Пулис мегӯяд, баргардед. Вале ба куҷо баргардем? Бо кадом пул? Ҷои кору хоб нест. Пул тамом шудааст. Мо бояд ягон чорае меандешидем. Бархеҳо пешниҳод карданд, ки роҳро бандем", - изҳор дошт як муҳоҷир аз вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон.

Дар яке аз наворҳои нашршуда садои одамоне шунида мешавад, ки пулис барои пароканда кардани онҳо аз нерӯ кор мегирад. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маъмурони пулис чандин нафарро бо чӯбдасти резинӣ латтукӯб ва ба боздошт таҳдид карданд.

Вале дар идораи пулиси ноҳияи Бузулук задухӯрди муҳоҷирон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва латтукӯб шудани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро рад карданд. "Ягон задухӯрд сурат нагирифтааст ва касеро ҳам боздошт накардаем. Мо ҳамаи онҳоеро, ки ба Оренбург меоянд, огаҳ мекунем, ки марз бо Қазоқистон бастааст. Рӯзҳои 30 июн ва 1 июл бахотири фаҳмондадиҳӣ ба марз рафта будем. Вале ин муҳоҷирон баргаштан намехоҳанд. Онҳо дар байни шоҳроҳ истодаанд", - изҳор дошт як ҳамсуҳбати мо дар идораи пулиси Бузулук.

Ба огаҳии пулиси Бузулук, дар ҳоли ҳозир дар марзи Русия бо Қазоқистон беш аз 200 муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG