Ссылки доступа

Сардухтури қазоқ: беморони илтиҳоби шуш ҳамчун мубталоёни коронавирус муолиҷа мешаванд


Қазоқистон баъди афзоиши шумори беморони илтиҳоби шуш ва ҳолатҳои марг дар минтақаҳо ба санади клиникӣ мафҳуми "сирояти эҳтимолии вируси корона"-ро ворид сохт. Дар ин бора сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Айжан Есмагамбетова рӯзи 3 июл дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, беморони илтиҳоби шуш "тибқи санади клиникӣ" сарфи назар аз натиҷаи озмоиш ҳамчун мубталоёни коронавирус табобати зиддивирусӣ хоҳанд гирифт. "Тавре мушоҳида мекунем, вақтҳои ахир натиҷаи санҷиши беморони илтиҳоби шуш манфӣ мебарояд. Дар асл ин мумкин аст, зеро вирус аз роҳҳои нафаси болоӣ ба поин мефарояд ва дар ин ҳолат санҷишҳо на ҳамеша мусбат мебароянд", - изҳор дошт ӯ.

Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон дақиқ нагуфт, ки санҷиши чи қадар беморони илтиҳоби шуш аз вирус мусбат баромадааст. Ба гуфтаи ӯ, аз 1 772 ҳолати фавте, ки дар нимсолаи аввал сабт шудааст, 628 ҳолат ба моҳи июн рост меояд.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой рӯзи панҷшанбе гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2020 беш аз 98 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 32 ҳазор ҳолат ба моҳи июн рост меояд.

Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи санҷиши вируси бештари беморони илтиҳоби шуш манфӣ баромадааст. Вале коршиносон мегӯянд, афзоиши беморони илтиҳоби шуш натиҷаи сирояти коронавирус аст.

Дар Қазоқистон 2 июл 1 501 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, танҳо 496 тани онҳо нишонаҳои бемориро доранд.

XS
SM
MD
LG