Ссылки доступа

Ҳукумати Фаронса ба раҳбарии Эдуар Филипп ба истеъфо рафт


Эдуар Филипп
Эдуар Филипп

Сарвазири Фаронса Эдуар Филипп истеъфои девони вазирони худро эълом кард ва президент Эммануэл Макрон низ онро пазируфт.

То ташкили ҳукумати нав аъзои кунунии девони вазирон кори худро идома хоҳанд дод.

Тағйирот дар ҳукумати Фаронсаро ҳодисаи пешбинишаванда меноманд. Худи Макрон, ки то поёни муҳлати президентияш ду сол мондааст, ахиран гуфт, "тими нав" ташкил мешавад. Яке аз сабабҳои истеъфои ҳукумат оқибатҳои шуюи коронавирус номида мешавад.

XS
SM
MD
LG